價格:免費
更新日期:2017-01-09
檔案大小:6.7M
目前版本:1.0.3
版本需求:Android 1.6 以上版本
官方網站:mailto:faridun.888@gmail.com
Дар мавзӯи никоҳ ё худ бинои заношавҳарӣ дар хазонаи фарҳангӣ ва қонунгузории ислом, ба маҷмӯаи муқаррарот ва раҳнамоиҳое бармехӯрем, ки пойдевори бинои ҳаёти заношавҳариро аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирӣ, интихоби куфв (ҳамто)-и муносиб ва ҷуфти шоиста, то марҳалаҳои ниҳоӣ ва сояафкан гардидани гунбади хонавода бар сари зану шавҳар, зери пӯшиш қарор додааст.
Аз ҳамон қадамҳои аввал барои ҳарчи муваффақтар сурат гирифтани интихоби ҳамрадиф ва ҳамроҳи ҳаёти хонаводагӣ ба як силсила меъёрҳое дучор меоем, ки инсон бо риояи онҳо метавонад худро аз пешомадҳои пешгӯиношудае дар амон нигоҳ дорад.
Дар барпо намудан ва ё бастани ақд низ мушаххасот, шартҳо ва бастабандиҳое гузошта шудаанд, ки бе риояи онҳо ақд баста намегардад, ҳамчун сурати доду қабул, ҳузури ду шоҳид ва дар гӯшраси онҳо баргузор гардидани маросими доду қабул (ақд). Ҳар сурати заношавҳарӣ ва робитаҳои пайванддиҳандае, ки берун аз ин муқаррарот анҷом бигирад, фосид ва бепоя мебошад.